Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ховалинг
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти Кумита
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Ҳамрози халқ
    • Обуна
  • Аъзои
    ҲХДТ
    • Ҳаракат
    • Ариза
  • Ташаббусҳои
    ҳизбӣ
  • Рейтинги
    ҳизбӣ
  • Созандагони
    Ватан
  • ҲХДТ

Ховалинг: Андеша

Парчам рамз ва таҷассумгари Истиқлоли давлатӣ

Чанд рӯз пеш миллати шарафманди тоҷик яке аз саннаҳои муҳими таърихӣ - Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукӯҳу шаҳомати махсус таҷил намуданд. Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ Парчами миллии мо дар фазои беғубору осоиштаи ватанамон таҳти Сарварии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон болои сари халқи соҳибзафарамон чун нишони бахту саодат парафшонӣ мекунад.

Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи пурифтихор моро баҳри ҳаёти осоиштаю сулҳу субот ва талош баҳри зиндагии арзандаву шоиста ва инкишофи озодона, соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ менамояд.

Парчам дар шумори Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ яке аз рамзҳои асосии ҳастии давлату миллат таҷассум меёбад. Тадриҷан ливодорӣ ба ҳукми анъана дар давлатдорӣ дохил мешавад ва марҳила ба марҳила шаклҳои гуногун пайдо мекунад. Дар арсаи таърих парчамҳои секунҷа, чоркунҷа, доирашакл ва ситорагуна маълуманд. Ҳамчунон, ба парчамҳо тасма, шилшилапораи матоъ илова кардаанд. Парчам асосан ҳамчун рамзи давлатдорӣ пазируфта шуд, вале ҳамчунин, қисмате аз ташкилоту идораҳо, созмону ҷамъиятҳо барои худ чун ифодагари фаъолияташон Парчам муқаррар карданд. Парчам яке аз василаҳои асосии муаррифии лашкар низ дониста шуд. Аз қадим сипоҳиён ҳангоми шуришҳо бо худ дар сафи аввал Парчам мегирифтанд ва яке аз сипоҳиёни ҷасуру неруманд парчамбардор мешуд, ки ӯро аламбардори лашкар (ё сипоҳ) низ мегуфтанд. Аз даст додани парчам ҳаммаъно бо мағлубият буда, нангу номуси лашкар (созмон, ташкилот) поймолшуда ба ҳисоб мерафт. Яке аз ҳикояҳои машҳуру ҷолиб дар бораи Парчам дар “Шоҳнома”-и шоири адабиёти классикии тоҷик Абулқосим Фирдавсӣ оварда шудааст, қаҳрамони асосии ин ҳикоят Коваи оҳангар мебошад. Ӯ дар мубориза бар зидди Заҳҳоки хунхор пешдомани оҳангарии худро Парчам месозад ва зери он ҳамаи эътирозгаронро муттаҳид менамояд. Дар ҳар қисмати таърих, ки тоҷиконро давлатдорӣ насиб гашт, онҳо парчами давлати худро доштанд. Тоҷикон Парчами воқеан ҳам миллии худро танҳо бо шарофати соҳибистиқлол гаштан ба миён оварданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълони истиқлоли худ ба таври қонунӣ Парчаму Нишон ва Суруди миллиро қабул намуд. Парчами Тоҷикистон ҳамчун муқаддасоти миллату давлат дар Конститутсияи ҷумҳурӣ зикр шудааст.  Дар он омадааст, ки: “Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад”. Пас бояд ҳар як шахрванди кишвар нисбат ба ин муқаддасоти миллӣ этироми хоса дошта бошад ва арҷгузорӣ намояд.

Фарҳод Давлатов,

мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг.

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ховалинг

СУРОҒА

вилояти Хатлон ноҳияи Ховалинг кӯчаи. И.Сомонӣ №1
Тел: (83317) 2-03-34
Email: khovaling@hkhdt.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ