Дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин” бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Президент-кафили сулҳ ва озодӣ” баргузор гардид.
Дар кори конференсияи мазкур Раҳмон Зокирзода, сардори Раёсати фарҳанги вилояти Хатлон, Рухшонаи Шералӣ, директори Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Шамсиддин Шоҳин, Аҳмадҷон Ализода, мушовири ректори Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон, Раҳмон Саидзода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Амиршои Хатлонӣ, шоир, директорони китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар, китобдорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Нахуст ҳайати меҳмонон дар толори пазироии китобхона аз намоиши асарҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дидан карда, нақши асарҳои Сарвари давлатро дар ташаккули ҳуввияти миллӣ ва худшиносиву худогоҳӣ ниҳоят бузург арзёбӣ намуданд.
Сипас Рухшонаи Шералӣ, директори муассисаи давлатӣ кори конференсияро ҳусни оғоз бахшида, ҳайати иштирокдоронро хайрамақдам ва ба ин санаи муқаддас табрику таҳният гуфт.
Раҳмон Зокирзода, сардори раёсати фарҳанги вилояти Хатлон баромад намуда, қайд намуд, ки ҳадаф аз таҷлил Рӯзи Президент қабл аз ҳама арҷгузорӣ ба хизматҳои шоён ва корномаи беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ҳамзамон иброз намуд, ки Иҷлосияи 16 –уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне Иҷлосияи тақдирсоз сиёсатмадореро ба сари ҳокимият овард, ки ин миллату давлатро аз вартаи нобудшавӣ наҷот дода, кишвари маҳбубамонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлол ва сулҳпарвар ба ҷаҳониён муаррифӣ намуд.
Аҳмадҷон Ализода, мушовири ректори Донишкадаи Энергетикии Тоҷикистон суханронӣ намуда, зикр намуд, ки барои мардуми шарафманди тоҷик расидан ба истиқлоли комили давлатӣ кори саҳлу осон набуд. Халқи тоҷик барои ноил шудан ба сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва зиндагии ободу босаодат заҳмату талошҳои шабонарӯзӣ анҷом дода, мушкилоту душвориҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин лаҳзаҳои ниҳоят душвори ватандорӣ давлатро аз фаноёбӣ наҷот дода, мардумро атрофаш муттаҳид ва ба қалби мардуми азиятдида шуълаи умедро барафрухт.
Инчунин дар конференсияи мазкур Амиршоҳи Хатлонӣ, шоир, Раҳмон Саидзода, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар ва Гулчеҳра Холова, яке аз шоҳидони рӯзҳои мудҳиши ҷанги шаҳрвандӣ низ суханронӣ карданд.
Таъкид шуд, ки дар атрофи ғояҳои ватандӯстонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳарвақта дида, бояд бештар муттаҳидтар шуда, истиқлоли давлатӣ ва ваҳдати миллиро ҷовидон ҳифз намоем.