Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар шаҳри Исфара
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти Кумита
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Сухани халқ
    • Обуна
  • Аъзои
    ҲХДТ
    • Ҳаракат
    • Ариза
  • Ташаббусҳои
    ҳизбӣ
  • Рейтинги
    ҳизбӣ
  • Созандагони
    Ватан
  • ҲХДТ

Барномаҳои ҲХДТ

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

 

 

 

БАРНОМАИ

ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

(Самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистон

барои солҳои 2025 – 2030)

Душанбе – 2024

Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон

 БАРНОМАИ

ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ

ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН

(Самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистон

барои солҳои 2025 – 2030)

ПЕШГУФТОР

Барномаи пешазинтихоботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ҳуҷҷати раҳнамо самтҳои муҳимтарини рушди Тоҷикистонро барои солҳои 2025 – 2030 пешбинӣ менамояд.

Таҳким бахшидани давлатдории миллӣ, истиқлолу озодӣ, ваҳдату ягонагӣ ва суботу амният муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти ҷамъиятии мо дар ин марҳала маҳсуб меёбанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф карда, барои татбиқи моддаи якуми Конститутсия, ки барои ҳар як узви ҷомеа шароити арзанда ва инкишофи озодонаро муқаррар кардааст, талош меварзад.

Суботи сиёсӣ аз рушди устувори иқтисоди миллӣ вобастагии амиқ дорад.

Аз ин рӯ, таъмини рушди иқтисодиёт яке аз вазифаҳои муҳимтарини мо буда, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фаъолияти худро ба амалӣ намудани ҳадафҳои стратегии мамлакат равона месозад.

Баробари амалӣ гардидани нақшаҳои пешбинишуда дар бахши иқтисод ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ афзалияти бештар касб менамояд.

Масъалаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, илму маориф ҳамчун самтҳои стратегии сиёсати давлатӣ дар меҳвари сиёсати ҳизби мо қарор доранд.

Масъалаи фарҳанги миллӣ ва иттилоот дар фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мақоми махсусро ишғол менамояд.

Зеро фарҳанги миллӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҳувияти ҳар як халқ аст.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ моро зарур аст, ки барои аз таҳмили (экспансияи) омилҳои манфӣ ва мафкураи бегона эмин нигоҳ доштани фарҳанги миллӣ шаҳрвандонро дар руҳияи худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва шаъну шарафи шаҳрвандӣ тарбия намоем.

Инчунин, дар доираи барномаи ҳизб масъалаҳои ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист, рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва хизматрасониҳои давлатӣ ҳамчун самтҳои афзалиятнок аҳаммияти калидӣ доранд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зарурати такмили низоми қонунгузориро шарти муҳимми пешрафти ҷомеа ҳисобида, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ ва таъмини волоияти қонунро ҳамчун талаботи асосии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва фаъолияти самарабахши низоми сиёсии кишвар эътироф менамояд.

Ҳизби мо дар партави сиёсати «Рӯй овардан ба ҷавонон» тадбирҳои мушаххасро амалӣ карда, барои рушди зеҳнию ҷисмонии ҷавонон имкониятҳои мусоидро муҳайё менамояд.

Боло бурдани нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ, идома додани сиёсати «дарҳои кушода» ва ҳамкорӣ бо ҳама кишварҳои ҷаҳон дар заминаи эҳтироми усулу меъёрҳои пазируфташудаи ҳуқуқи байналхалқӣ ҳадафи дар фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷӣ ба ҳисоб меравад.

I. ТАҲКИМ БАХШИДАНИ ОЗОДИВУ ИСТИҚЛОЛ, ВАҲДАТУ ЯГОНАГӢ ВА СУБОТУ АМНИЯТ ДАР ҶОМЕА

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти миллӣ, таҳкими истиқлоли давлатӣ ва тавсеаи ваҳдату ягонагии халқи Тоҷикистонро аз ҳама арзишҳо болотар дониста, дар ин бахш баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои зеринро муҳим мешуморад:

1.1. Густариши худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ, шаъну шарафи шаҳрвандӣ ва тақвияти маърифати сиёсӣ:

– ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ дар шароити пуртазоду печидаи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва омилҳои манфии ҷаҳонишавӣ;

– таҳким бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар;

– дар партави ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид намудани тамоми қишрҳои ҷомеа, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ;

– таҳкими сулҳу субот ва ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди беназири халқи Тоҷикистон;

– ҳифзи арзишҳои умумиинсонӣ ҳамчун самти стратегии фаъолияти сиёсӣ ва мафкуравӣ;

– ташаккули ҷомеаи устувори шаҳрвандӣ ва боло бурдани нақши он дар рушди минбаъдаи давлатдорӣ;

– ҳимоя ва таблиғи арзишҳои миллӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ, арҷгузорӣ ба забони давлатӣ ва дигар муқаддасоти миллӣ;

– баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсии шаҳрвандон, эҳтиром ба арзишҳои демократӣ, таъмини иштироки фаъоли аҳолӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии мамлакат;

– андешидани чораҳои муассир ҷиҳати пешгирӣ аз таассуб ва хурофот, ки ба амнияти кишвар халал ворид менамояд;

– таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– тақвият ва таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар;

– таҳкими дунявияти кишвар ҳамчун омили ҳифзи арзишҳои давлатдорӣ.

1.2. Пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ, муқовимат ба экстремизм ва терроризм:

– такмили минбаъдаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешгирӣ ва муқовимат ба экстремизм ва терроризм;

– мусоидат ба фаъолияти бомарому самараноки сохторҳои давлатӣ ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти пешгирӣ аз зуҳуроти номатлуби ифротгароию терроризм, экстремизм, қочоқи маводи мухаддир, савдои одамон ва равияҳои тафриқаангези динию мазҳабӣ;

– омӯзиши сабабу омилҳои густариши экстремизм ва терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ;

– андешидани чораҳои амалӣ оид ба баланд бардоштани сатҳи маърифати ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташаккули ҷаҳонбинии муосир ва баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷомеа;

– пешгирӣ кардани ҷалби шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи ташкилотҳои экстремистиву террористӣ дар хориҷи кишвар;

– мусоидат ба баланд бардоштани фаъолнокии ҷомеаи шаҳрвандӣ ва аҳолӣ дар татбиқи тадбирҳои муқовимат ба терроризм ва экстремизм, такмили низоми муқовимати иттилоотӣ бар зидди зуҳуроти номатлуби иҷтимоӣ.

II. БАХШИ СИЁСАТИ ИҚТИСОДӢ

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рушди иқтисодиёти кишварро асоси бунёди ҷомеаи одилона ва пешрафта меҳисобад.

Аз ин рӯ, тасмим гирифтааст, ки дар таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар, инчунин, иҷрои муваффақонаи ҳадафҳои стратегии давлат пешсаф ва саҳмгузор бошад.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои ноил шудан ба мақсаду афзалиятҳои муайяншуда дар солҳои 2025 – 2030 амалисозии тадбирҳои зеринро зарур мешуморад:

2.1. Пешбурди сиёсати иқтисодӣ бо роҳи баланд бардоштани самаранокӣ, диверсификатсия ва рақобатнокии истеҳсолоти ватанӣ:

– таҳияи қонунҳои нав ва пешниҳоди тағйиру иловаҳо ба қонунҳои мавҷуда бо мақсади комёб шудан ба ҳадафҳои «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030»;

– мусоидат ба азхудкунии оқилона ва истифодаи самараноки сарватҳои табиии кишвар ва ба ин васила таҳким бахшидани неруи иқтисодии минтақаҳои мамлакат;

– ҷалби бештари сармоя бо мақсади таъмин намудани рушди соҳаҳои истеҳсолӣ, бунёди корхонаҳо ва ҷойҳои кории нав;

– дастгирии содирот, вусъатбахшии ҷараёни диверсификатсияи истеҳсолоти ба содирот нигаронидашуда ва соддагардонии расмиёти савдо;

– барқарор кардан ва бунёди иқтидорҳои нави истеҳсолӣ дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ;

– паст намудани сатҳи осебпазирии иқтисоди миллӣ аз омилҳои манфии беруна;

– таъмин кардани рушди иқтисоди рақамӣ ва савдои электронӣ.

2.2. Ҳавасманд гардонидани фаъолияти соҳибкорӣ:

– идома додани ислоҳот дар самти беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ;

– тақвияти механизми дастгирии давлатии соҳибкорӣ, рушди сармоягузорӣ ва бартараф намудани монеаҳои мавҷуда;

– таҳкими заминаи бунёдиву молиявии рушди шарикии давлат ва бахши хусусӣ;

– ҷалби ҳамватанон – соҳибкорони бурунмарзӣ ба рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар;

– ташкили шароити мусоид барои таъсиси марказҳои логистикӣ ва дигар иншооти инфрасохторӣ;

– ташкили технопаркҳо, айти – паркҳо ва бизнес – инкубаторҳо бо мақсади рушди соҳибкории хурду миёна;

– тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнати муосир;

– рушди босуръати минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва саноатӣ.

2.3. Баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва зиёд кардани табақаи миёна:

– таъмини рушди устувори иҷтимоиву иқтисодии минтақаҳои кишвар;

– мусоидат ба зиёд намудани ҳаҷми даромади аҳолӣ ва андозаи музди миёнаи маоши кормандон;

– вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул тавассути таъсис додани ҷойҳои кори нав;

– роҳандозии тадбирҳо ҷиҳати болоравии маърифати молиявии аҳолӣ;

– идомаи тадбирҳои ободониву будёдкорӣ дар шаҳру деҳоти кишвар;

– мусоидат ба фароҳам овардани заминаҳои ташаккул ва фаъолияти самараноки маҷмааҳои истеҳсоливу иҷтимоӣ барои рушди шаҳракҳо ва шаҳрҳои хурд;

– таъмин намудани сифати баланди хизматрасониҳои коммуналӣ ва бунёди инфрасохтори зарурии он дар шаҳру ноҳияҳо.

2.4. Ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат:

– идомаи ислоҳот дар соҳаи кишоварзӣ ва дигар самтҳои маҷмааи агросаноатии кишвар;

– тавассути риояи талаботи агротехникӣ, дастрасӣ ба тухмиҳои хушсифат, нуриҳои минералӣ ва беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо баланд бардоштани ҳосилнокии замин ва афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ;

– мусоидат ба бунёди маҷмааҳои агросаноатӣ ва корхонаҳои коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва бандубасти он ҷиҳати рушди соҳаҳои агросаноатии ивазкунандаи воридот ва ба содирот нигаронидашуда;

– мусоидат ба истифодаи самараноки об, ҷорӣ намудани усулҳо ва технологияҳои сарфаи об дар истеҳсолоти кишоварзӣ, кам кардани сарфи энергия ва ифлосшавии об;

– фароҳам овардани шароити мусоид барои зиёд намудани сармоягузории хусусӣ ба соҳаи кишоварзӣ ва низоми озуқаворӣ;

– мусоидат ба ҷорӣ намудани стандартҳои мутобиқати сифати маҳсулот, таъмини назорати доимии сифати ғизо, ба роҳ мондани озмоиши техникии сифати ғизо ва пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат.

2.5. Татбиқи сиёсати энергетикии кишвар:

– талошу кӯшиш ҷиҳати расидан ба истиқлоли пурраи энергетикии кишвар тавассути ба итмом расонидани сохтмони неругоҳи барқи обии «Роғун» ва дигар неругоҳҳо;

– мусоидат ба истифодаи самараноки манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва татбиқи рукнҳои «иқтисоди сабз»;

– мусоидат ба бунёди шабакаи хатҳои интиқоли барқ;

– андешидани тадбирҳо дар самти истифодаи сарфакорона ва самараноки неруи барқ.

2.6. Ба кишвари транзитӣ табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон:

– идома додани татбиқи лоиҳаҳои таҷдиду барқарорсозии роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва сохтмони хатҳои нави роҳи оҳан;

– дастгирии ҳамаҷонибаи раванди ба долонҳои мукаммали иқтисодӣ табдил додани долонҳои минтақавии нақлиётӣ;

– дастгирии ташаббусҳои аҳолӣ ва соҳибкорон оид ба бунёду азнавсозии роҳҳои маҳаллӣ;

– мусоидат ба афзоиши хатсайрҳои ҳавоӣ ва ҳаҷми мусофирбариву боркашонии байналмилалию маҳаллӣ;

– дастгирии давлатии рушду инкишофи хизматрасонӣ ва имкониятҳои транзитӣ дар асоси истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ;

– рақамикунонии пурраи соҳаи нақлиёт бо мақсади мутобиқгардонии равандҳои фаъолият ба талабот ва таъмини рушди устувори соҳа.

2.7. Такмили низоми молиявии кишвар ва таъмин намудани самаранокии фаъолияти бозори хизматрасониҳои молиявӣ:

– ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқи пурраи низоми буҷетикунонии барномаҳо;

– такмили низоми андозбандӣ ва маъмурикунонии андоз, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои рақамӣ;

– бо роҳи татбиқи сиёсати самараноки пулию қарзӣ таъмин намудани устувории қобилияти харидории асъори миллӣ ва дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нархҳо;

– мусоидат ба такмили механизми фаъолияти фондҳои иҷтимоӣ ва рушди бозори суғурта;

– бо мақсади ҷалби бештари воситаҳои молиявӣ таъмин намудани густариши ҳамкориҳои иқтисодӣ бо шарикони рушди минтақавӣ ва ҷаҳонӣ, сохторҳои байналмилалӣ ва минтақавии молиявию қарзӣ.

2.8. Мукаммалгардонии низоми идоракунии давлатӣ ва тақвияти раванди ҳамоҳангсозии сиёсати рушд:

– тақвияти раванди ташаккул додани низоми муосири банақшагирии стратегӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллии идоракунии давлатӣ;

– таъмин намудани ҳамгироии васеи барномаҳои рушди миллӣ, соҳавию минтақавӣ ва буҷети давлатӣ;

– идома додани татбиқи консепсияи ташаккулдиҳии ҳукумати электронӣ дар низоми мақомоти давлатӣ;

– мусоидат ба дастрасии тамоми қишрҳои ҷомеа ба хизматрасониҳои давлатии босифат тавассути истифодаи технологияҳои рақамӣ;

– истифодаи самараноки моликияти давлатӣ дар заминаи рушди ҳамкориҳои давлат ва бахши хусусӣ дар сатҳи ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ;

– баланд бардоштани самаранокии фаъолияти корхонаҳои давлатӣ;

– коҳиш додани сатҳи «иқтисоди пинҳонӣ».

2.9. Рушди сайёҳӣ ва инкишофи инфрасохтори он:

– мусоидат ба ташаккули инфрасохтори муосири соҳаи сайёҳӣ;

– ҳавасмандгардонии инкишофи рақамикунонии раванди бақайдгирии сайёҳон;

– мусоидат ба рақобатнокии маҳсулоти сайёҳӣ дар асоси баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ;

– ташаккул додани низоми муаррифии мавзеъҳои сайёҳӣ – маркетинг ва пешбурди маҳсулоти соҳаи сайёҳӣ, ҳифз, инкишоф ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиию рекреатсионӣ ва мероси таърихию фарҳангӣ.

2.10. Ташаккули «иқтисоди сабз», ҳифзи муҳити зист ва беҳдошти вазъи экологӣ:

– таҳияи ва татбиқи қонунгузорӣ ҷиҳати тавсеаи «иқтисоди сабз» дар асоси принсипҳои байналмилалӣ;

– такмили қонунгузории соҳаи экология, махсусан, дар самти ҳифзи муҳити зист ва баланд бардоштани фарҳанги экологии шаҳрвандон;

– мусоидат ба татбиқи ташаббуси чоруми ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об – «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018 – 2028»;

– тақвияти раванди мутобиқшавии бунёдӣ ба талаботи «иқтисоди сабз»;

– ташаккул додани заминаҳои ҳавасмандгардонии фаъолияти инноватсионӣ дар самти самаранокӣ, сарфаҷӯӣ ва ба роҳ мондани истифодаи васеи технологияҳои инноватсионӣ ва каммасраф;

– таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар самти ҷалб намудани захираҳои молиявӣ ва интиқоли технологияҳои муосири ҷавобгӯ ба талаботи «иқтисоди сабз»;

– ҷорӣ намудани принсипҳои «иқтисоди сабз» дар соҳаҳои мухталиф;

– пешгирӣ кардани таназзули замин, об, ҷангал, захираҳои гуногунии биологӣ ва зиёд намудани масоҳати онҳо;

– иштирок ва саҳмгузорӣ дар татбиқи лоиҳаҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ дар самти тағйирёбии иқлим ва ҷалби сармояи хориҷӣ дар ин самт;

– мусоидат ба ҳифзи олами ҳайвоноту набототи Тоҷикистон ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати тақвияти маърифати экологии аҳолӣ.

III. БАХШИ СИЁСАТИ ИҶТИМОӢ

Сиёсати иҷтимоӣ бахши муҳимми фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ҳизби мо татбиқи тадбирҳои зеринро дар ин самт зарур мешуморад:

3.1. Ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

– баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум;

– ғамхорӣ дар ҳаққи гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, ятимону маъюбон, шахсони бесаробонмондаву эҳтиёҷманд, нафақахӯрон ва расонидани кумаки тиббӣ ба онҳо;

– давра ба давра баланд бардоштани нафақа;

– такмили низоми қонунгузорӣ дар самти дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ;

– аз ҷониби сохторҳои марказӣ ва маҳаллии ҳизб ба шахсони ниёзманд расонидани кумакпулиҳои ҳизбӣ;

– тақвияти фаъолияти қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҳизб ва низоми устувори машваратҳои психологӣ, тиббӣ ва педагогӣ;

– дарёфти роҳу воситаҳои зиёд намудани табақаи миёнаи аҳолӣ.

3.2. Самти тандурустӣ ва солимии аҳолӣ:

– идома бахшидани ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани дастрасӣ, сатҳу сифат ва самаранокии хизматрасониҳои тиббӣ ба аҳолӣ, инчунин, тақвияти бештар бахшидани кумаки аввалияи тиббию санитарӣ;

 – беҳтар намудани инфрасохтори тандурустӣ, таъминоти муассисаҳои тиббӣ бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва тарбияи кадрҳои баландихтисос;

– ташкили корхонаҳои дорусозӣ ва дар табобат васеъ истифода бурдани гиёҳҳои шифобахши ватанӣ;

– тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар ҷомеа ва рушди маърифати тиббию санитарӣ;

– беҳтар намудани механизми таъминот, сифат, таъсирбахшии маҳсулоти доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ;

– бештар ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ дар муассисаҳои тиббӣ;

– беҳтар намудани хизматрасониҳои тиббӣ ба модарону кӯдакон ва паст намудани фавти онҳо;

– ташаккули механизмҳои таъмин намудани афзоиши давомнокии умр ва солимии аҳолӣ.

3.3. Шуғли аҳолӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ:

 – тақвияти соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ, бозори меҳнат ва шуғли аҳолӣ, инчунин, танзими равандҳои муҳоҷирати меҳнатӣ;

– коҳиш додани шумораи бекорон;

– амалисозии тадбирҳо ҷиҳати бо шуғли пурмаҳсул таъмин намудани шаҳрвандон ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум;

– ҷалб намудани сармояи дохилӣ ва хориҷӣ барои татбиқи сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ;

– тақвият додани фаъолияти марказҳои касбомӯзӣ, фарогирии васеи аҳолӣ ба омӯзиши касбу ихтисосҳои муосир ва забонҳои хориҷӣ;

– роҳандозии диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ ва дарёфти бозорҳои нав бо шароити муносиби корӣ;

– бо ҷойи кор таъмин намудани муҳоҷирони ба Ватан баргашта тавассути таъсис додани ҷойҳои кории нав;

– мусоидат ба рушди ҳунарҳои хонагӣ, авлодӣ ва эҳё намудани ҳунарҳои қадимаи халқӣ.

3.4. Таҳкими бозори меҳнат:

– дар амал татбиқ намудани чорабиниҳо вобаста ба таъмин намудани рақобатнокии қувваи корӣ дар бозори меҳнати дохил ва хориҷи кишвар;

– тақвияти фаъолияти мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ тавассути гузариш ба хизматрасониҳои рақамӣ ва таъмин намудани дастрасии васеи корҷӯёну бекорон ба ин намуди хизматрасониҳо;

– дастгирии соҳибкории хурд, ташаббусҳои ҷавонон, занон ва аҳолии дар бозори меҳнат осебпазир барои машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ тавассути пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок;

– роҳандозӣ намудани тадбирҳо ҷиҳати коҳиш додани сатҳи шуғли ғайрирасмӣ дар соҳаҳои иқтисодиёт;

 

– ҳамоҳангсозии чорабиниҳои сиёсати давлатии мусоидат ба шуғли аҳолӣ бо ҷараёни амалисозии Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Консепсияи рушди шуғли пурмаҳсул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040.

3.5. Сиёсати гендерӣ ва таҳким бахшидани оила

– фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати иштироки фаъолонаи занону духтарон дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ба ин васила баланд бардоштани мавқеи занон дар ҷомеа;

– дастгирии сиёсати давлатӣ дар самти тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи кишвар аз ҳисоби занону духтарони болаёқат;

– таъсиси махзани захираи кадрҳо дар сохторҳои давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва мониторинги он барои тарбияи пайвастаи кадрҳои арзанда аз ҳисоби занону духтарон;

– таҳияи барномаҳои махсуси корбарӣ (барномаи устод ва шогирд) дар сатҳи ҷамоати деҳоту шаҳрак, шаҳру ноҳия ва вилояту мамлакат барои тарбияи зина ба зинаи кадрҳои болаёқат аз ҳисоби занону духтарон;

– вусъат бахшидани барномаҳои дастгирии иқтисодии занон, аз ҷумла таъмин намудани дастрасии занон ба захираҳои молиявӣ ва рушди соҳибкорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок, грантҳои гуногун, бахусус грантҳои давлатӣ, президентӣ ва ҳизбӣ;

– баланд бардоштани масъулияти оила дар иҷрои вазифаҳои худ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила;

– баланд бардоштани нақши ниҳоди оила дар ҷомеа ва ҳифзи оила ҳамчун арзиши муҳимми иҷтимоиву фарҳангӣ ва нигоҳдорандаи анъанаҳои маънавию ахлоқӣ;

– мунтазам баргузор кардани чорабиниҳои иттилоотӣ дар байни аҳолӣ дар самти ҳифзи оилаи солим дар ҷомеа;

– ташвиқу тарғиби арзишҳои миллӣ, аз қабили урфу одат ва расму оинҳои миллӣ, мероси пурғановати гузаштагон, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ ва тарбияи фарзандон бо истифода аз усулҳои муосири таъсиррасонӣ ва хусусиятҳои миллӣ;

– танзими оила ва солимии барафзоӣ (репродуктивӣ) ва беҳтар гардидани саломатии модару кӯдак.

IV. БАХШИ РУШДИ МАОРИФ ВА ИЛМ

Таваҷҷуҳ ва ғамхорӣ ба илму маориф ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба онҳо сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад.

Аз ин рӯ, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба хотири рушди илму маориф, баланд бардоштани маърифатнокии аҳолӣ ва боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати таълим амалӣ сохтани иқдомоти зеринро зарур мешуморад:

4.1 Дар самти илм ва инноватсия:

– ҷалби ҷавонон ба корҳои илмию ихтироъкории инноватсионӣ ва мусоидат ба ҷудо намудани бурсияҳои давлатӣ ва байналмилалӣ;

– ҷалби олимон ба омӯзиши мушкилоти глобалии минтақа ва ҷаҳон;

– таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, неруи зеҳнии қишрҳои фаъоли ҷомеа ва ҷорӣ кардани ихтироот дар истеҳсолот;

– маблағгузорӣ ва ҳавасмандгардонии давлатии ҳамкории илм бо истеҳсолот ва дар амал татбиқ намудани дастовардҳои олимону ихтироъкорон;

– навсозии озмоишгоҳҳои мавҷуда ва таҷдиди пояи иттилоотии таҳқиқоти илмӣ;

– мусоидат ба ҷорӣ кардани технологияҳои нави илмию инноватсионӣ дар истеҳсолот бо мақсади расидан ба ҳадафи чоруми стратегии кишвар – саноатикунонии босуръат, таъсиси шабакаи ягонаи иттилоотию коммуникатсионӣ дар бахши илм ва инноватсия;

– ташкил кардани биржаи моликияти зеҳнӣ ҷиҳати ҷалби ташкилоту корхонаҳои хусусию давлатии дохил ва хориҷи кишвар барои татбиқи амалии дастовардҳои илмӣ;

– ба роҳ мондани таҳқиқи захираҳои табиӣ ва ҷустуҷӯи роҳҳои муассир ҷиҳати саноатикунонии босуръати кишвар дар асоси рушди маҷмааҳои агросаноатӣ.

4.2. Дар самти маориф:

– мусоидат ба тақвияти фаъолият дар самти татбиқи Стратегияи миллии рушди маориф дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;

– бунёди муассисаҳои нав ва таъмири муассисаҳои мавҷуда дар ҳамаи минтақаҳои кишвар бо дарназардошти таъмин намудани дастрасӣ ба шароити зарурӣ барои таҳсил;

– мустаҳкам намудани заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ бо мақсади муҳайё намудани муҳити созгори таълиму тарбия;

– баланд бардоштани устувории молиявӣ ва самаранокӣ дар соҳаи маориф;

– тақвияти фаъолият дар самти бунёди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ бо мақсади то соли 2030 ба 50 фоиз расонидани фарогирии кӯдакон ба ин зинаи таҳсилот;

– ба роҳ мондани шаклҳои алтернативии таҳсилоти томактабӣ, аз ҷумла таъсиси марказҳои инкишофи кӯдакон дар шаҳру ноҳияҳои кишвар;

– инкишофи бахши таҳсилоти иловагии кӯдакон тавассути мусоидат ба рушди марказҳои эҷодии кӯдакон ва наврасон;

– сафарбар кардани неруи зеҳнии ҷомеа ҷиҳати амалигардонии иқдоми Пешвои миллат оид ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф дар солҳои 2020 – 2040»;

– тақвияти омӯзиши фанҳои табиӣ, риёзӣ ва дақиқ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тавассути татбиқи низоми таҳсилоти тафриқавӣ;

– амалӣ кардани тағйироти сифатан нав дар мазмун ва мундариҷаи таълим, аз ҷумла татбиқи ҳамаҷонибаи муносибати босалоҳият дар таълим;

– ташаккули механизмҳои дастгирии инноватсияҳо (навовариҳо), баргузории озмун, мусобиқа ва олимпиадаҳои байнимактабӣ;

– ба амал баровардани рақамикунонии ҷараёни таълим дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ:

– ташкили марказ ва паркҳои айти – технологӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ;

– амалӣ намудани консепсия ва барномаҳои дарозмуҳлати рақамии миллӣ, фароҳам овардани муҳити мусоид барои рушди платформаҳои омӯзиши рақамӣ дар доираи такмили ихтисоси омӯзгорон;

– андешидани тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати дастгирии иҷтимоиву маънавии омӯзгорон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа;

– мусоидат ҷиҳати бо омӯзгорон таъмин намудани муассисаҳои таълимӣ ва ҳалли мушкилоти вобаста ба норасоии омӯзгорон;

– таҷдиди назар намудани низоми ҳавасмандгардонӣ барои дастовардҳои илмӣ ва лоиҳаҳои инноватсионӣ дар низоми таҳсилоти миёнаву олии касбӣ ва дигар сохторҳои илмии соҳаи маориф;

– дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои олимон, бахусус олимони ҷавон дар самти навовариҳои илмӣ, ихтироъкорӣ ва инноватсия;

– тақвияти фаъолият дар самти тарғиби сиёсати созандаи Пешвои миллат, арзишҳои истиқлол, ваҳдат, гиромидошти мероси моддию маънавӣ ва таъриху тамаддуни ниёгон;

– ба роҳ мондани тадбирҳои муассири ташкилӣ ва фаҳмондадиҳӣ дар самти тарбияи мафкуравӣ, пешгирӣ кардани зуҳуроти манфии ифротгароӣ ва бегонапарастӣ дар байни хонандагону донишҷӯён;

– андешидани тадбирҳои муассир ҷиҳати дар руҳияи ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ тарбия намудани хонандагону донишҷӯён;

– сафарбар намудани неруи созандаи ҷомеа, волидон ва омӯзгорон барои таълиму тарбияи насли наврас ва ба воя расонидани шаҳрвандони бомаърифат, ватандӯст ва соҳиби малакаҳои муосир.

4.3. Дар самти такмили забономӯзӣ

– тақвияти омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар муассисаҳои таълимии зинаҳои гуногун;

– татбиқи самараноки Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030;

– фароҳам овардани шароит барои ташаккули зинаҳои таҳсилоти муттасили гуногунзабона (томактабӣ, мактабӣ, касбӣ, олӣ, пас аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ва ғ.);

– фароҳамсозии шароити нав барои такмили таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ бо мақсади ворид шудан ба фазои байналмилалии коммуникативӣ;

V. БАХШИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ ВА ИТТИЛООТ

Ташаккули низоми нави рушди ҳаёти фарҳангии ҷомеа яке аз бахшҳои муҳимми фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор рафта, ҳизб ба рушди соҳаи фарҳанг ҳамчун таҷассумгари симои маънавии халқ, муттаҳидсозандаи нерӯҳои зеҳнӣ, баёнгари таърихи гузаштаву муосир, ойину анъана, дигар муқаддасоти миллӣ, инчунин, ташаккулдиҳандаи ахлоқу одоби ҳамида пайваста таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд.

Ҳамзамон бо ин, ҳизби мо дар давраи солҳои 2025 – 2030 рақобатнок гардонидани абзорҳои ватании ВАО-ро дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ ба хотири ҳифзи фазои фарҳангию маънавӣ масъалаи мубрам медонад.

Аз ин рӯ, амалӣ сохтани иқдомоти мазкурро дар ин соҳаҳо муҳим мешуморад:

5.1. Дар самти фарҳанг:

– таъмин намудани рушди устувори муассисаҳои фарҳанг дар марҳалаи ҷаҳонишавии фарҳанг тавассути таҷдиди инфрасохтор, таҳкими заминаи рақобатноки моддиву техникӣ, тарбияи кадрҳои соҳа ва ба ин васила мусоидат намудан ба раванди эҷодиёти халқ, татбиқи самарабахши неруи фарҳангӣ ва маънавии афроди ҷомеа;

– баргузор намудани чорабиниҳо барои эҳё, ҳифз, рушд ва тарғиби мероси ғановатманди фарҳанги миллӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

– дастгирии шахсиятҳои боистеъдод дар соҳаи фарҳанг;

– мусоидат ба рушди хусусиятҳои умумимиллӣ, илмӣ, дунявӣ ва башардӯстонаи фарҳанг;

– ташаккул ва рушди эҷодиёти шифоҳии халқ (фолклор), анъана ва ҷашну маросим;

– ташкили воситаҳои ахбори омма ҷиҳати тарғибу оммавигардонии дастовардҳои соҳаи фарҳанг ва тарбияи завқи зебоипарастии ҷомеа;

– ташвиқи дастаҳои ҳунарӣ ва падидаҳои нав бо роҳи ҷалби онҳо ба ҷашнҳо, озмуну фестивалҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, вилоятӣ ва минтақавӣ;

– мусоидат намудан ба рушди фарҳанги миллӣ бо роҳи тарҷумаю чоп кардани асарҳои машҳури адабиёти миллӣ ва ҷаҳонӣ;

– таъмин намудани шароит барои эҷоди барномаю намоишҳои баландмазмун, амалисозии фаъолияти бадеиву маърифатӣ ва рушди мусиқӣ;

– намоиши оммавии ашё ва коллексияҳои осорхонаҳо ҷиҳати тарғиби мероси таърихию фарҳангии миллӣ;

– пешниҳод кардани асарҳои драмавӣ, мусиқию драмавӣ, мусиқӣ, хореографӣ, пантомима ва ҳаҷвӣ тавассути муассисаҳои театрӣ барои қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба санъати саҳнавӣ;

– рушди фаъолияти китобхонаҳо бо мақсади иҷрои вазифаҳои иттилоотӣ, фарҳангӣ ва маърифатӣ;

– инкишофи заминаи эҷодӣ, истеҳсолӣ, таълимӣ, техникӣ, илмӣ ва иттилоотии соҳаи кино;

– баланд бардоштани мақоми фарҳанг дар ҷомеа, вобаста кардани фаъолияти муассисаҳои фарҳангӣ ба иҷрои вазифаҳои муҳим дар самти тарбияи аҳли ҷомеа дар руҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ, худшиносии миллӣ ва ифтихор аз соҳибистиқлолии давлатӣ;

– ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳифзу рушди мероси моддӣ ва ғайримоддии кишвар, мусоидат ба рушди сайёҳии фарҳангӣ дар дохил ва хориҷи кишвар;

– бо мақсади боло бурдани сатҳи фарҳанги ҷомеа бунёди бештари боғҳои истироҳат, майдончаҳои варзиш, истироҳатгоҳҳо ва гулгаштҳо, махсусан, дар маркази шаҳру ноҳияҳо;

– таъмин намудани рушди фазои ягонаи фарҳангии Тоҷикистон дар заминаи ҳифз, эҳё ва густариши анъанаю суннатҳои миллӣ, дастовардҳои фарҳанги миллӣ дар замони истиқлол ва арзишҳои умумибашарӣ, нигоҳ доштани гуногунии фарҳангию забонӣ.

5.2. Дар самти воситаҳои ахбори омма (ВАО) ва рақобатнок намудани расонаҳои ватанӣ дар шароити ҷомеаи иттилоотӣ:

– таҷҳизонидани ВАО-и миллӣ бо технологияҳои муосири соҳавӣ;

– интишори иттилоот тавассути технологияҳои нави иртиботӣ (коммуникатсионӣ);

– омода намудани мутахассисони касбии соҳа ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи кишвар;

– рақобатнок намудани ВАО-и миллӣ дар шароити бархӯрдҳои иттилоотӣ;

– омӯзиши масъалаҳои марбут ба таъсис додан ва ба роҳ мондани шабакаи давлатии интернет;

– марҳала ба марҳала бо барномаҳои телевизион ва радиои ватанӣ пурра фаро гирифтани фазои иттилоотии мамлакат.

VI. БАХШИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН ВА ВАРЗИШ

Сиёсати ҷавонон ва варзиш яке аз самтҳои муҳим ва афзалиятноки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор рафта, татбиқи босамари он ҳамчун кафолати дастёбӣ ба ҳадафҳои барномавии ҳизб арзёбӣ мегардад.

 

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди ҳамаҷонибаи зеҳнию ҷисмонии ҷавонон, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни онҳо, тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзишро яке аз омилҳои муассири тарбияи ҷавонон дар руҳияи худшиносию ватанпарастӣ ва муаррифии шоистаи кишвар дар арсаи байналмилалӣ эътироф намуда, дар ин самт татбиқи тадбирҳои зеринро пешбинӣ менамояд:

 

 

6.1. Дар самти сиёсати ҷавонон:

– идома бахшидани сиёсати «Рӯй овардан ба ҷавонон» ва дар роҳи расидан ба ин ҳадаф ҳарчи бештар фароҳам овардани шароит ва заминаву имкониятҳои мусоид барои рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон;

– дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат тарбия намудани ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, заҳматдӯстӣ ва риояи волоияти қонун;

– паст кардани сатҳи бекорӣ, пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуб дар байни ҷавонон ва вайроншавии оилаҳои ҷавон;

– ташаккули мафкураи миллӣ бо роҳи тарбия намудани ҷавонон дар самти шинохти беҳтари манфиатҳои миллӣ ва ҳисси оштинопазир нисбат ба терроризму экстремизм, коррупсия, нашъаҷаллобӣ ва дигар намудҳои ҷинояткорӣ;

– фаъол гардонидани ҷавонон дар самти анҷом додани корҳои ихтиёрии ҷамъиятӣ (фаъолияти волонтёрӣ) ва баланд бардоштани ҳисси эҳтироми ҷавонон ба фарҳанги миллӣ, таъмин намудани иштироки боз ҳам бештари насли ҷавони кишвар дар ҳаёти сиёсию иҷтимоии ҷомеа ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла бо роҳи дастгирии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятии онҳо;

– мусоидат ба ҳифзи саломатӣ, тарзи ҳаёти солим ва рушди ҷисмонии ҷавонон;

– фароҳам овардани шароит ҷиҳати гирифтани таҳсилоти сифатнок ва мусоидат ба рушди ихтироъкорию эҷодкории ҷавонон;

– омодасозӣ ва дастгирии мутахассисони ҷавон ҷиҳати ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешниҳод намудани кадрҳои лаёқатманд;

– густариш додани фарҳанги сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии ҷавонон;

– дастгирии ташаббусҳои созанда ва барномаҳои соҳибкории ҷавонон;

6.2. Дар самти варзиш:

– андешидани тадбирҳо барои оммавигардонии соҳаи варзиш;

– омода намудани варзишгарони касбӣ барои ҳама навъҳои варзиш;

– ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба мусобиқаҳои варзишӣ;

– омода намудани ҷавонону наврасон барои иштирок дар мусобиқаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла дар бозиҳои олимпии зимистона;

– муҳайё намудани шароити инфрасохтории соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, бунёду азнавсозии иншооти соҳа, аз ҷумла майдонча ва иншооти хурди варзишӣ дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар;

– таваҷҷуҳи хосса зоҳир кардан ба намудҳои олимпии варзиш ва таъмин намудани иштироки варзишгарон дар Бозиҳои олимпӣ;

– андешидани тадбирҳои зарурӣ бо мақсади рушди варзиши зимистона ва омода намудани ҷавонону наврасон ба ин намуди варзиш;

– ҷалби бештари соҳибкорону ташаббускорони ватанӣ ва сармояи иловагӣ ба бунёду азнавсозии маҷмааву толорҳои варзишӣ;

– ҷалби бештари наврасону ҷавонон ба бозии футбол ва таъмин намудани иштироки онҳо дар мусобиқаҳои дохиливу байналмилалӣ.

VII. БАХШИ ТАКМИЛИ ҚОНУНГУЗОРӢ, ТАҲКИМИ ҚОНУНИЯТ ВА БОЛО БУРДАНИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚИИ АҲОЛӢ

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти такмили қонунгузорӣ амалӣ кардани тадбирҳои зеринро зарур мешуморад:

– такмили қонунгузории кишвар ҷиҳати таҳкими истиқлоли давлатӣ, ваҳдату амнияти миллӣ, суботи сиёсӣ ва ягонагии Тоҷикистон бо дарназардошти равандҳои мураккаби ҷаҳонишавӣ ва вазъияти ҷаҳони муосир;

– таъмин намудани волоияти қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва дар байни шаҳрвандон ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузирии масъулияти ҳуқуқӣ;

– таҳкими қонунгузории соҳаи бонкдорӣ бо мақсади таъмин намудани инкишофи муназзами низоми бонкӣ, такмили қонунгузории соҳаи фаъолияти бонкӣ, устувор намудани ҳолати молиявии бонкҳо, шаффоф ва содда гардонидани низоми қарздиҳӣ ва ҷорӣ намудани низоми ягонаи додани қарз;

– такмил додани механизми ҳуқуқии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла истифодаи дастовардҳои навини илму технология бо мақсади баррасии саривақтӣ ва одилонаи муроҷиатҳо;

– бо иттилооти ҳуқуқӣ таъмин намудани ҳамаи мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;

– таъмин намудани имконияти истифодаи васеъ ва ройгони аҳолӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва тағйиру иловаҳо ба онҳо;

– тарғибу ташвиқи қонунгузорӣ, рушди донишҳои ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ;

– ҷалби васеи ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар таҳия, қабул ва амалишавии қонунгузорӣ;

– мунтазам гузаронидани мониторинги амалишавии қонунҳо вобаста ба мутобиқати онҳо ба мақсаду ҳадафҳои стратегии кишвар;

– баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар самти муқовимат ба коррупсия ва дар ин замина фароҳам овардани шароити оштинопазир нисбат ба падидаи коррупсия миёни ҷомеа;

– таҳия кардани чорабиниҳои мушаххас ҷиҳати пешгирии коррупсия;

 – такмили низоми қонунгузории кишвар ва ба талаботи санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳо.

VIII. БАХШИ СИЁСАТИ ХОРИҶӢ

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон нақши сиёсати хориҷии кишварро дар раванди рушди Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёру мустақил муҳим мешуморад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар равандҳои ҷаҳонии вобаста ба баррасӣ ва ҳалли масоили минтақавию байналмилалӣ, алалхусус дар ду даҳаи охир иштироки фаъол дорад.

Дар шароити кунунӣ сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар маҷмуъ, бар асоси усулҳои амалгароӣ (прагматизм) ва воқеъбинӣ устувор мебошад, бояд ба татбиқи пайгиронаи ҳадафҳои милливу давлатии кишвар мусоидат намояд.

Таҳаввулоти пайвастаи замони муосир ва воқеиятҳои ҷорӣ Тоҷикистонро водор месозанд, ки барои ҳифзи ҷойгоҳи сазовори худ дар равандҳои глобалӣ тадбирҳои бештар амалӣ андешад.

Ба ин манзур, Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии «дарҳои кушода»-ро дар марҳалаҳои минбаъда низ пайгирона дар амал татбиқ намуда, ба ибтикороти байналмилалии худ идома хоҳад дод.

Иштироки густурдаи давлати мо дар фаъолияти созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ аз зарурате сар задааст, ки кишварамон дар таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ аз рӯи имкон саҳм гузошта, ба таври афзал ҳимояи манфиатҳои хеш, инчунин, ҷалби имкониятҳои технологӣ, иқтисодӣ, сиёсӣ ва зеҳнии онҳоро барои иҷрои ҳадафҳои дарозмуддати сиёсати хориҷии Тоҷикистон таъмин намояд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон афзалиятҳои сиёсати хориҷии кишварро чунин муайян мекунад:

– таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои узви Созмони Милали Муттаҳид, шарикони стратегӣ, кишварҳои шарик ва минтақа бо дарназардошти таҳаввулоту дигаргуниҳои ҷаҳони муосир;

– идома додани ҳамкории фаъол бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, минтақавӣ, ниҳодҳои молиявии байналмилалӣ ва кишварҳои шарик ба мақсади пешбурди раванди татбиқи ташаббус ва ибтикорҳои байналмилалии Тоҷикистон;

– татбиқи чораҳои гуногунҷанба бо мақсади ҳимояву таҳкими истиқлол, тамомияти арзӣ, таъмини манфиатҳо ва амнияти миллии кишвар;

– тақвияти ҳамкориҳо бо мақсади андешидани тадбирҳои муассири амалӣ, аз ҷумла истифодаи ҳадафмандона аз абзорҳои дипломатӣ ҷиҳати муқовимат ба таҳдиду хатарҳои замони муосир;

– таҳкими механизмҳои ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шарикони рушд тавассути истифодаи таҷрибаи пешқадами раванди Ҳамкориҳои глобалӣ оид ба ҳамкориҳои самарабахш барои рушд (ҲГҲСБР);

– идомаи саъю талошҳо дар арсаи байналмилалӣ дар масири ҳалли мушкилоти глобалӣ, аз ҷумла андешидани тадбирҳо вобаста ба масъалаҳои обу иқлим, татбиқи амалии лоиҳаву барномаҳо дар ин замина;

– пешбурди дипломатияи иқтисодӣ ва ташаккули шароити мусоиди берунӣ барои дастрасӣ ба ҳадафҳои дарозмуддати миллии кишвар дар арсаи тиҷорату иқтисод ва сармоягузорӣ;

– таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шаҳрвандони Тоҷикистон ва шахсони ҳуқуқии он дар хориҷ аз кишвар;

– фаъолгардонии иқдомҳо дар чаҳорчӯби дипломатияи фарҳангӣ барои муаррифӣ ва ташвиқу тарғиби таърих, анъана ва фарҳанги мардуми тоҷик дар арсаи ҷаҳонӣ.

IX. БАХШИ ХОТИМАВӢ

Барнома асоси воқеӣ ва таҷрибавӣ дошта, паҳлуҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеаро фаро мегирад.

Татбиқи барномаи мазкур ба рушди рӯзафзуни иқтисоди кишвар ва пешрафту ободии ояндаи Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Итминон дорем, ки сармоягузорӣ ва хосса сармояи инсонӣ, инноватсия ва технологияҳои рақамӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва ҳифзи муҳити зист имкон медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо аз лиҳози сиёсӣ устувору босубот, аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафтаву қудратманд, аз назари иҷтимоӣ одилонаву рушдёфта ва барои пешбурди зиндагии ҷомеа созгор мегардад.

Аз ҳамаи шаҳрвандони кишвар даъват ба амал меорем, ки дар татбиқи ин барнома ва фароҳам овардани ояндаи созгор «Барои пешрафт ва саодати халқи Тоҷикистон!» якҷо бо мо саҳмгузор бошанд.

 

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар шаҳри Исфара

СУРОҒА

шаҳри Исфара
Тел: (83357) 2-13-05
Email: isfara@hkhdtkhatlon.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ