Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар шаҳри Исфара
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти Кумита
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Сухани халқ
    • Обуна
  • Аъзои
    ҲХДТ
    • Ҳаракат
    • Ариза
  • Ташаббусҳои
    ҳизбӣ
  • Рейтинги
    ҳизбӣ
  • Созандагони
    Ватан
  • ҲХДТ

Исфара: Ташаббусҳои ҳизбӣ

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ ДАР САМТИ СИЁСАТИ ҶАВОНОН

Санаи 26 июли соли 2024 дар шаҳри Исфара дар доираи ҳамкории байни Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Исфара, Ассотсиатсияи миллии волонтёрони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ТҶҶ «Созандагони Ватан» ва Барномаи рушди СММ семинарҳои омӯзишӣ оғоз гардиданд.

Семинари мазкур дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади такмили сатҳи дониш ва малакаи субъектҳои соҳаи кор бо ҷавонон дар самти татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ бо ҷалби намояндагии гурӯҳҳои гуногун аз ҳамаи ҷамоатҳои шаҳри Исфара давоми 14 рӯз баргузор мегардад.

Дар ҷараёни ин семинари омӯзишӣ намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, бахшҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, аъзои Шӯрои кор бо ҷавонон, намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан», бахшҳои кор бо занон, комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак, шуъбаҳои дин, танзими ҷашну маросим, ходимони дин, масъулони ҷамоатҳо ва раисони кумитаҳои (шӯроҳои) маҳалла ва деҳот (фаъолони маҳал) иштирок менамоянд.

Дар натиҷаи ин омӯзиши даврӣ дар назар аст, ки фаъолияти ташкилоту муассисаҳои ва иттиҳодияҳои самти кор бо ҷавонон, аз ҷумла ҷамоатҳо ва кумитаҳои маҳаллаву деҳот дар соҳаи татбиқи босамари сиёсати ҷавонон, бахусус муқовимат бо падидаҳои экстремистию тундгаро ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ беҳтар мегардад. Зимнан, аз ин ниҳодҳо таҳия ва амалисозии лоиҳаҳо ва барномаҳои гуногуни соҳавии ба тарбияи фарогири ҷавонон ва дастгирии онҳо ҷиҳати ташаккулёбӣ ва дарёфти мавқеи муносиб ва устувори худ дар ҷомеа тақозо мегардад.

Боиси зикр аст, ки лоиҳаи «Баланд бардоштани малака ва дониши субъектҳои дахлдори давлатӣ ва ҷамъиятии кор бо ҷавонон» дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Исфара, ноҳияҳои Б.Ғафуров, Рушон, Лахш, Фархор, Панҷ ва Носири Хусрав амалӣ гардида истодааст.

Кумитаи тадоркуот 

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар шаҳри Исфара

СУРОҒА

шаҳри Исфара
Тел: (83357) 2-13-05
Email: isfara@hkhdtkhatlon.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ