Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти Кумита
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Ҳамрози халқ
    • Обуна
  • Аъзои
    ҲХДТ
    • Ҳаракат
    • Ариза
  • Ташаббусҳои
    ҳизбӣ
  • Рейтинги
    ҳизбӣ
  • Созандагони
    Ватан
  • ҲХДТ

Ҳамадонӣ:

 Мулоқоту вохӯриҳои судманд

Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ ва бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия дар толори калони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 6 - и ҷамоати деҳоти Қаҳрамон бо сокинон, фаъолон ва волидайнаи хонандагон маҳфили илмӣ - адабӣ баргузор гардид, ки дар кори он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ Кабирзода Ҷомӣ ва мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия Саидов Шамсиддин иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Маҳфилро сарвари муассисаи болозикр Бобоҷон Маҳмудов ифтитоҳ намуда, меҳмонон ва ҳозиринро ба ҷашнҳои муқаддаси дар пеш буда шодбош намуд. Сипас маърӯзачиён дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», ки рӯзи Президент муайян карда шудааст суханронӣ намуда, фикру андешаҳои худашонро баён намуданд. Қайд карда шуд, ки Пешвои миллат - Эмомалӣ Раҳмон 16 - уми ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16 - уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 1994 дар интихоботи умумихалқӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

Эмомалӣ Раҳмон барои барқарорсозии сулҳу субот ҷони худро дар хатар гузошта, мамлакатро аз парокандагӣ ва миллати тоҷикро аз вартаи нобудшавӣ нигоҳ дошт. У чун фарзанди фарзонаи халқи тоҷик дар пойдорсозии Истиқлолияти миллӣ ва мустаҳкам намудани пояҳои давлатдории тоҷикон дар даврони муосир саҳми бузург ва созанда гузошта, то имрӯз зашматҳои зиёд мекашад.

Маҳз бо саъю кушишҳои асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешво миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ва фарҳангу адабиёти оламшумули онро дар арсаи ҷаҳонӣ шинохтанд ва эътироф карданд. Барои чунин ҷоннисориҳояш дар асоси Қарори Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11- уми декабри соли 1999 ба Эмомалӣ Раҳмон унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд. Ҳамзамон дар идомаи ҷаласа аз ҷониби меҳмонон перомуни гаравиши беасоси ҷавонони гумроҳу ноогоҳу ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ, ба таълими ғайриқонунии динӣ фаро гирифтани наврасону ҷавонон, тақлид ба бегонапарастӣ, бемақсад ва бемаврид истифода бурдани телефон - интернет - шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар мавзӯҳои доғи рӯзи ҷомеа маърӯзаҳо ироа гардид. Бо таъкиди аз даст надодани ҳушёрӣ, огоҳӣ, бедорӣ ва зиракии сиёсӣ аз ҳисоби ҷавонон маҳфили илмӣ - адабӣ хотима ёфт.

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҳамадонӣ

СУРОҒА

вилояти Хатлон ноҳияи Ҳамадонӣ
Тел: (83222) 2-82-92
Email: hamadoni@hkhdt.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ