Rotating Image2
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҳамадонӣ
Rotating Image
  • Дар бораи мо
    • Таърихи ҲХДТ
    • Роҳбарияти Кумита
    • Аъзои Кумита
    • Аъзои Раёсат
  • Ахбор
    • Хабари рӯз
    • Андеша
    • Вокуниш
    • Ташаббусҳо
    • Ҳисобот
    • Омор
  • Санадҳо
    • Оиннома
    • Барномаҳо
    • Қонунгузорӣ
    • Қарорҳо
    • Фармоишҳо
    • Дастурамалҳо
  • Вакилон
    • МНМО
    • МВХВ
    • МВХМ
    • МВХҶ
  • Нашрияҳои
    ҳизбӣ
    • Ҳамрози халқ
    • Обуна
  • Аъзои
    ҲХДТ
    • Ҳаракат
    • Ариза
  • Ташаббусҳои
    ҳизбӣ
  • Рейтинги
    ҳизбӣ
  • Созандагони
    Ватан
  • ҲХДТ

Ҳамадонӣ:

КОНСТИТУТСИЯ - БАХТНОМАИ МИЛЛАТ

2 ноябри соли ҷори бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҳамадонӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 бахшида ба 30 - юмин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Конститутсия - бахтномаи миллат” бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия вохӯрӣ баргузор гардид. Зикр намуданд, ки ҳадаф аз таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баргузории чорабиниҳои гуногуни сиёсиву маърифатӣ дар ин замина, ин пеш аз ҳама эҳтирому арҷгузорӣ ба қонуни асосиву сарнавиштсози давлат ва раъйи ҳамватанони азизамон мебошад, ки дар давраи басо душвори таърихӣ онро ҷонибдорӣ намуда, ба ин васила барои ояндаи дурахшони мамлакат заминаи боэътимоди сиёсӣ ва иҷтимоиву ҳуқуқӣ фароҳам оварданд. Ҳамчунин, қайд гардид, ки бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар, хосатан таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо ба дастоварҳои назаррас ноил гардидем. 

Лозим ба ёдоварист, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи давлату миллат маҳсуб ёфта, дар он номи давлат, сохти давлатдорӣ ва сохтори он нишон дода мешавад. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: ”Бузургӣ  ва аҳаммияти ин санади муҳимми таърихӣ, пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки он бори нахуст аз ҷониби худи халқ бо роҳи ифодаи озодонаи майлу иродаи шаҳрвандони мамлакат қабул карда шудааст”.

Умуман, мо Конститутсияро ҳамчун қонуни асосии кишварамон ба унвони санади арзишманде дониста бошем, ки тамоми фаъолияти шаҳрванд ва сохторҳои давлатиро ба танзим дароварда, ҷомеро ба сӯи хушбахтию шукуфоӣ равона месозад.

Ҳамзамон, дигар баромадкунандагон низ доир ба таърих ва қабули ин санади тақдирсози миллат ибрози ақида намуданд.

Омӯзиш, таълим

Саволу ҷавоб

Кумаки иҷтимоӣ

Арзу шикоятҳо

Китобхона

СОМОНАҲОИ РАСМӢ

ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Маркази матбуотии ҷумҳуриявии АМИТ «Ховар»

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Ҳамадонӣ

СУРОҒА

вилояти Хатлон ноҳияи Ҳамадонӣ
Тел: (83222) 2-82-92
Email: hamadoni@hkhdt.tj

СОМОНАҲОИ ИҶТИМОӢ