Бо мақсади ободу зебо гардонидани маҳалли зист, хиёбонҳо, шоҳроҳҳо, гулгашту майдонҳои ҳудуди ноҳия ва фароҳам овардани шароит баҳри тақвият бахшидани амалҳои созандагиву бунёдкорӣ, тозагии ҳифзи муҳити зист маъракаҳои шанбегӣ ва аксияҳои тозагӣ дар кӯчаву хиёбонҳои ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҳамадонӣ тариқи ҳашарҳои дастаҷамъӣ баргузор гардида истодааст. Ин навбат ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, муассисаҳо дар корҳои ободониву тамизкории ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ширкати фаъолона варзиданд.
Маврид ба зикр аст, ки рӯзҳои истироҳатӣ аз ҳисоби аъзо ва ҷонибдорони ҳизб, дар тамоми деҳаву маҳаллаҳои ҳудуди ноҳия ва дар назди корхонаву муассисаҳо ҳашари шанбегӣ баргузор гардида, зимни шанбегӣ ҷойҳои обгузарро аз партовҳо ва макони гулзорҳоро аз алафҳои бегона ва худрӯй тоза ва гирду атрофи биноҳо рӯбучин карда мешаванд.
Боиси қайд аст, ки сокинон пайваста шанбегиҳои оммавӣ доир намуда, омодаанд, ки дар гулгулшукуфоии Ватани азизамон саҳми арзандаи худро гузоранд.